Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, яке аз атрофиёни наздикашро ба мақоми раиси Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст. Вячеслав Володин, муовини раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия мумкин аст, ба ин мақоми баланд бирасад ва дар тақвият додани назорати Путин дар арсаи сиёсӣ дар кишвар саҳм бигирад. Дар як мулоқоте бо раҳбарони Ҳизби Русияи Воҳид ва се ҳизби дигар, ки ба порлумон роҳ ёфтанд, Владимир Путин рӯзи 23-уми сентябр гуфт, ки Вячеслав Володин ба ин мақом сазовор аст. Раиси ҷумҳури Русия дар мулоқот гуфт, дар сурати интихоби Володин ба мақоми раиси Думаи давлатӣ “таҷрибаву маҳорати” ӯ дар тақвияти кори палатаи поёнии порлумон кӯмак мекунад. Раҳбарони Ҳизби Русияи воҳид, Ҳизби коммунист, Ҳизби либерал демократ ва Ҳизби Русияи одил дар мулоқот аз Вячеслав Володин тарафдорӣ кардаанд. Ин сиёсатмадори 52-солаи рус, ки зиёд дар матбуот зоҳир намешавад, дабири кулли Ҳизби Русияи воҳид, вакили мардумӣ буд ва аз сиёсатмадорони ботаҷриба ба ҳисоб меравад.