Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар қисмати шарқии Ҳалаби Сурия субҳи рӯзи ҷумъа рух дод. Як рӯз пеш аз ин талоши навбатии ИМА ва Русия барои ҳифзи низомӣ оташбас шикаст хурд. Минтақаҳои зери нуфузи мухолифон аз ҳаво тирборон шуданд.
Субҳи рӯзи ҷумъа дар ҳаво якбора 5 чархболи низомӣ мушоҳида шудааст. То кунун аз омори кушташудаҳо хабар нарасидааст.
Бархе аз расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки чархболҳо на камтар аз 30 маротиба ҳамла кардаанд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Сурия, ки аз сӯи Русия пуштибонӣ мебинанд, шоми 22 сентябр хабар доданд, ки амалияти нави низомиро зидди мухолифон шуруъ кардаанд.