Эътирози Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ҳузури фаъолон дар САҲА

Ҳузури фаъолони Қирғиз ва Тоҷик дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава эътирози расмии Қирғизистон ва намоиши эътирозии донишҷӯёнро дар Тоҷикистон ба бор овард. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 23 сентябр гуфт, ки вазири хориҷӣ Ерлан Абдилдаев нигаронии худро дар робита ба ҳузури Қодирҷон Ботиров, як шаҳрванди Қирғизистон дар конфронси САҲА, ба Дабири кулли ин созмон Ламберто Заньер баён кардааст.

Ботиров як узбактабори Қирғизистон, ки соли 2011 ба Шведсия паноҳ бурд, рӯзи 21 сентябр дар нишасти САҲА суханронӣ кард. Ботиров барномаи Бишкекро барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии Қирғизистон ва талоши ахири мақомотро барои бозҷӯии шеваи берун шудани ӯ аз кишвар танқид кард.

Соли 2011 мақомоти Қирғизистон Қодирҷон Ботировро бо иттиҳоми барангехтани бадбинии қавмӣ ва ташкили даргирии фоҷеабор дар байни узбактаборон ва қирғизҳо дар ҷануби ин кишвар, дар ғиёбаш ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд.

Ҷудо аз ин дар Тоҷикистон садҳо донишҷӯи тарафдори ҳукумат ба ҳузури фаъолони мухолифин дар конфронси САҲА эътироз карданд. Намоишҳои эътирозӣ рӯзи 23 сентябр дар чанд донишгоҳи шаҳри Душанбе ва манотиқи дигар баргузор шуданд. Рӯзи 19 сентябр ҳудуди 20 нафар фаъолон, ки дар Аврупо қарор доранд, ҳангоми баррасии вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба толор ворид шуданд. Дар куртаҳое, ки онҳо дар тан доштанд, акси сиёсатмадорони мухолифин ва вакилони зиндонӣ тасвир ёфта буд.

Конфронси САҲА, ки бо баррасии вазъи ҳуқуқи башар рузи 19 сентябр ба кор оғоз кард то 29 сентябр идома меёбад.