Созиши ҷудоихоҳон бо Украина барои табодули асирон

Сарбозони боздоштшудаи украинӣ дар Донетск. Акс аз рӯзи 24-уми августи соли 2014

Мақомоти ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск рӯзи панҷшанбе хабар доданд, ки дар бораи раҳоии ҳамаи асирон бо Киев созиш карданд.

Олга Кобтсева, намояндаи ба истилоҳ "ҶМЛ" гуфт, ин созиш 21 сентябри соли равон зимни мулоқоти Минск ба миён омадааст. Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин барои ихроҷи нерӯҳо аз се минтақаи Донбас созиш шуда буд.

Ирина Герашенко, муовини раиси Радаи болоии Украина рӯзи чаҳоршанбе иттилоъ дод, ки ҷудоихоҳон розӣ шудаанд, то намояндагони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бо асирони украинӣ мулоқот кунанд. Вале ӯ дар бораи табодули гаравгонҳо чизе нагуфт.

Низои Донбас баҳори соли 2014, дақиқтараш баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия оғоз шуд. Киев ва кишварҳои Ғарб Москваро дар он айбдор мекунанд, ки ба ҷудоихоҳон ёрии низомӣ мерасонад. Аммо Кремл инро рад мекунад. Ба ҳисоби СММ, аз оғози даргириҳои Донбас инҷониб 9 ҳазору 600 одам кушта шудааст.