Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҳисор 5 нафар ҷон доданд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат рӯзи ҷумъаи 23 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ин ҳодисаи нохуш тахминан соати 1- у 30 дақиқаи шаби 22 ба 23 сентябр дар ҳудуди деҳаи Навбаҳори ноҳияи Ҳисор рух дод."
Ба гуфтаи ӯ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Митсубиси”, ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, дар ҳолати мастӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Навбаҳори ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 41-солаи сокини ноҳияи Бохтар бархӯрдааст.
Ба иттилои сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ дар пайи ин садама, 5 нафар, аз ҷумла, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, мусофирони автомашинаи мазкур занҳои 41 ва 47-солаи сокинони шаҳри Сарбанд, зани 53-сола ва марди 53-солаи сокинони шаҳри Қурғонтеппа дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин ҳодиса, мусофири автомашинаи «Опел-Астра», писарбачаи 12-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Митсубиси” ва мусофири ҳамин автомашина марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.