Дархости вакили раиси ИЖҚ барои даъвати 150 шоҳид ба додгоҳ

Вакили мудофеи Сайидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон (ИЖҚ) аз додрас хостааст, то даҳҳо шоҳиди дигари парвандаи зерҳимояаш, ки миёнашон мансабдорон ва раҳбарони корхонаҳои давлатӣ низ ҳастанд, пурсида шаванд.

Ба гуфтаи вакил Андрей Петров, сухан дар бораи шоҳидони ҷониби айбдоркунанда меравад, ки боре ба додгоҳ даъват ва бозпурсӣ нашудаанд.

Миёни 152 шоҳиди парвандаи Сайидқозӣ исми муовини вазири иттилоот ва коммуникатсия Сакен Сарсенов, мудири ширкати "Қазоқтелеком" Куанишбек Есекеев, раҳбари ширкати "Казатомпром" Аскар Жумагалиев ва кормандони Кумитаи алоқа ва намояндаҳои ВАО ҳам ҳаст.

Петров мегӯяд, ин дархостро ҳамкораш Мадина Боқиева кардааст ва додгоҳ ҳанӯз ба он посух надодааст.

Баррасии парвандаи Сайидқозӣ Матаев ва писараш Асет дар додгоҳ 23 августи соли равон оғоз шуд. Падару писар моҳи феврали соли равон бо гумони аз худ кардани пули буҷаи давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз нахуст боздошт ва баъдан ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуданд.