Отамбоев то 1-уми октябр ба кор намебарояд

Раиси ҷумҳури Қирғизизистон Алмосбек Отамбоев, ки ба иллати бемории қалб таҳти ташхиси тиббӣ қарор дорад, эҳтимолан то 1 октябр ба дафтари кориаш барнамегардад. Отамбоеви 60-сола дар як меҳмонхонаи Истанбул аст ва ба гуфтаи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ масъалаи бастарӣ шудани ӯ дар бемористон матраҳ нест. Ҷудо аз ин изҳорот, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон Фарид Ниёзов вазъи сиҳатии президент Отамбоевро "қаноатбахш" арзёбӣ кардааст. Рӯзи 19 сентябр дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур гуфт, ки Отамбоев ҳангоми парвоз дар ҳавопаймо худро нохуб ҳис кард ва сафараш ба Ню Йорк лағв шуд. Дафтари матбуот навиштааст, ки раиси ҷумҳур аз дарди қафаси сина ранҷ мебурд ва ташхиси аввалия аломатҳои мушкилоти кори қалбро ошкор кард. Алмосбек Отамбоев аз соли 2011 Қирғизистонро раҳбарӣ мекунад.