Ҳукумати Отунбоева таҳти пайгарди қонун

Чеҳари шинохта дар саҳнаи сиёсии Қирғизистон, Эдил Байсалов гуфтааст, ки аъзои ҳукумати даври гузариш дар соли 2010, бо шумули раҳбари он Роза Отунбоева таҳти пайгарди қонун қарор гирифтаанд. Байсалов, ки дар ҳукумати даври гузариш раҳбари дастгоҳи Отунбоева буд, рӯзи 19 сентябр дар Бишкек ба хабарнигорон гуфт, ки эҳтимолан ӯ ба зудӣ боздошт мешавад. Байсалов бо иқтибос аз манобеъи номаълум гуфт, Президент Алмосбек Отамбоев ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ тартибод дастур додааст, ки Басаловро боздошт кунанд ва маҷбур кунанд, ки ба муқобили Отунбоева ва раҳбари ҳизби "Ата Мекен" Омурбек Текибоев шаҳодат бидиҳад.

Бинобар маълумоти дастгоҳи президент, раиҷумҳур Отамбоев аз Додситони кулл дархост кардааст, ки даст доштани аъзои ҳукумати даври гузаришро дар фирори Қодирҷон Ботиров, соҳибкори узбактабор аз Қирғизистон ба Аврпуо тафтиш кунад. Ботиров, ки ҳоло дар Шветсия зиндагӣ мекунад, соли 2011 бо иттиҳоми барангехтани низоъи қавмӣ дар ғиёбаш ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Ӯ ба ташкили хунрезиҳо дар соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон айбдор эълон шуд.