Эълони натиҷаҳои аввалияи интихоботи Русия

Натиҷаҳои 80 дар сади овози раъйдиҳандагон дар Русия нишон додааст, ки Ҳизби Русияи Воҳид эҳтимолан аз ҳисоби 450 курсии порлумон 300-тои онро ба даст меорад ва ҳизби аслӣ дар Думаи давлатӣ боқӣ мемонад. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихобот, ки рӯзи 19-уми сентябр нашр шуд, Ҳизби Русияи Воҳид аз рӯи феҳрасти ҳизбӣ тақрибан 54.30 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Номзадҳои ҳизб, ки аз тарафи раиси ҷумҳур Владимир Путин ҳимоят мешавад, ҳамчунин дар миёни 255 ҳавзаи якмандатӣ дар 203-тои он пешсаф будаанд. Фақат 3 ҳизби дигар мумкин аст, садди 5 дарсадиро убур карда ва ба порлумони Русия роҳ ёбанд. Аз ҷумла Ҳизби коммунист, ки 13.61 дар сади орои мардумро ба даст овардааст. Ҳизби миллигарои либерал демократии Русия ба раҳбарии Владимир Жириновский 13.37 фоиз овоз гирифтааст. Ба Ҳизби Русияи одил фақат 6.17 дар сади мардум раъй додаанд. Кумиссиёни марказии интихоботи Русия гуфт, ки дар интихоботи рӯзи якшанбе 18-уми сентябр тақрибан 47.5 дар сади мардум ширкат кардаанд. Дар интихоботи соли 2011 60 дар сади раъйдиҳандагон ҳузур доштанд.