Путин гуфт, ки ба оташбаси Сурия назари мусбат дорад

Владимир Путин

Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, созишномаи оташбаси Сурияро, ки ҳафтаи гузашта бо Амрико имзо шуд, “мусбат” арзёбӣ карда ва хостори шаффофияти бештар аз сӯи Вашингтон шуд. Путин, ки рӯзи 17 сентябр дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, суханронӣ мекард, гуфт, ин созишномаро “на манфӣ, балки мусбат мешуморад”, вале афзуд, “Вашингтон бояд ростқавл бошад”.

Маскав Вашингтонро ба он айбдор кард, ки намехоҳад дар бораи иҷрои созишномаи оташбас маълумот диҳад. “Онҳо намехоҳанд, инро оммавӣ кунанд, чунки ҷомеаи байналмилалӣ мефаҳмад, кӣ ва чаро ин созишномаро риоя намекунад”, - илова кард раиси ҷумҳури Русия. Амрико ва Русия рӯзи 16 сентябр ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба арзёбии оташбаси Сурия ихтисос доад шуда буд, лағв карда ва сабабашро ҳифз нашудани созишномаи оташбас номиданд.