Шоми 14 сентябр аз муҷассамаи Истиқлол дар шаҳри Хуҷанд пардабардорӣ сурат гирифт. Мақомот мегӯянд, барои сохтмони ин муҷассамаи баландияш беш аз панҷоҳ метр 37 миллион сомонӣ харҷ кардаанд. Дар ҷое, ки ҳоло муҷассамаи 25-солагии истиқлоли кишвар бунёд шудааст, қаблан қарор буд маҷмааи таърихӣ ба ифтихори корномаи Темурмалик - қаҳрамони халқи тоҷик – сохта шавад. Темурмалик дар асри 13 бар зидди лашкари Чингиз мубориза кардааст. Дар мавриди бунёди ин маҷмаа ва таҷлил аз 800-умин солгарди муборизаи тоҷикон бар зидди ҳуҷуми истилогаронаи муғул дар соли 2018 қарори шаҳрдорӣ низ ба тасвиб расида буд. Қаблан бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣдар бораи тарҳи муҷассамаи Истиқлол баҳс карда ва гуфтаанд, ки дар баробари чунин тарҳҳо мақомот бунёди корхонаҳоро ҳам бештар кунанд, то барои афроди бекор дар кишвар ҷои пайдо кардани буридаи нон фароҳам шавад.
Пардабардорӣ аз муҷассамаи Истиқлол дар Хуҷанд. ВИДЕО
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад