Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар паёми табрикӣ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш ҳамчунон тарафдори ҳамкории дарозмуддат бо Тоҷикиcтон аст. Дар баёнияи расмие, ки вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 9-уми сентябр нашр кард, Ҷон Керрӣ гуфтааст, аз тарафи раиси ҷумҳур Барак Обама ва мардуми Амрико, сокинони Тоҷикистонро бо рӯзи истиқлоли кишвар табрик мегӯяд. Дар ин баёния Ҷон Керрӣ гуфтааст, моҳи ноябри соли гузашта зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, ба тааҳудоти Амрико барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар арсаҳои амният, энергетика ва иқтисод таъкид кард. Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, «Амрико тарафдори ҳамкориҳои дарозмуддат бо Тоҷикистон аст ва барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳамчунон кӯмак мекунад. Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр 25-умин солгарди истиқлоли кишварро таҷлил кард.