Олтинбек Муралиев, собиқ мудири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон, ба ҷурми хиёнат ба давлат 22 сол ҳабс шудааст. Додгоҳи олии Қирғизистон гуфт, ки молу амволи Муралиевро ба нафъи давлат мусодира хоҳад кард. Ин ҳукми Олтинбек Муралиев рӯзи 2-юми сентябр эълон шуда, тоза расонаӣ гардид. Олтинбек Муралиев моҳи нобяри соли 2014, ҳангоми ба Қазоқистон рафтанаш дар постгоҳи Оқ-Ҷол боздошт шуда буд. Мурофиаи додгоҳии ӯ аз тирамоҳи соли гузашта боз идома дошт. Олтинбек Муралиев писари собиқ сарвазири Қирғизистон Амонгелдӣ Муралиев мебошад.