Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон Павел Астаховро аз мақом барканор ва ба ҷойи ӯ Анна Кузнетсоваро таъйин кард. Кузнетсова то омаданаш ба мақоми Омбудсмени кӯдак, раҳбари иҷроияи Фронти Умумирусиягӣ дар минтақаи Пенза буд ва аз рӯйхати "Русияи воҳид" дар интихоботи Думаи давлатӣ иштирок мекунад. Гуфта мешавад, ки Павел Астахов бо хоҳиши худ истеъфо додааст ва баъди бозгашт аз истироҳат мақомашро месупорад.
Павел Астахов аз соли 2009 дар мақоми ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон фаъолият мекард ва яке аз идеологҳои қонуни манъи фарзандхонии хориҷиҳо дар Русия буд. Ин қонун дар соли 2011 қабул шуд. Охири моҳи июн дар интернет даъватҳои дастҷамъӣ барои истеъфои Астахов пахш шуданд. Ин даъватҳо баъди он ба миён омаданд, ки Астахов ҳангоми сӯҳбат бо кӯдаконе, ки дар фоҷеаи Сямозери Карелия ҷон ба саломат бурда буданд, гуфт, "хуб, акнун аз оббозӣ сер шудед?" ва бо ин ҷомеаи Русияро хашмгин кард.