Русия аз узви тими Беларус дар бозиҳои паралимпии Рио изҳори сипос кард, ки дар ифтитоҳи ин бозиҳо парчами Русияро боло кардааст. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова рӯзи 8-уми сентябр узви тими Беларусро қаҳрамон хонд ва гуфт, нафаре, ки парчами Русияро бардошт, бо онҳое ҳамраъйӣ нишон дод, ки ба бозиҳои паралимпӣ роҳ дода нашуданд.
Узви дастаи Беларус бо парчами Русия танҳо чанд қадам бардошт ва он зуд аз тарафи созмондиҳандагони бозӣ мусодира шуд. "Коре, ки дастаи Беларус кард, қобили таҳсин аст," - гуфт сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков. Кумитаи байналмилаии паралимпӣ баъди гузоришҳои тафтишотӣ дар бораи барномаи пинҳонии "допинг"-и варзишгарони рус тамоми аъзои дастаи Русияро аз иштирок дар сабқати Рио маҳрум кард.