Нашриёти "Мактаб"-и Қазоқистон иттилои китобҳои дарсии ин кишварро дар бораи Қрим ислоҳ карда, сархатеро лағв намуд, ки дар он нимҷазира ҷузъи қаламрави Русия хонда мешуд. Ҷониби Украина аз иқдоми нашриёт ва шомил шудани мавзӯи эҷодиёти Тарас Шевченко ба китобҳои дарсии макотиби миёнаи Қазоқистон истиқбол кардааст.
Нашриёти мазкур соли гузашта дар китобҳои дарсӣ ҳангоми зикри таърих ва ҷуғрофияи Қрим нимҷазираро ҷузъи қаламрави Русия хонда буд, ки эътирози Киевро ба бор овард. Баъди ин моҷаро сафорат ба китобҳои дарсии Қазоқистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Одилхон Дуйсебек, муовини сардори Маркази илмӣ-назариявии "Учебник"-и Қазоқистон гуфтааст, нашриёт ба ин мавзӯи китобҳои дарсӣ саҳифаи ислоҳшудаи иловагиеро чоп карда, дар мактабҳо тақсим кардааст.
Қазоқистон дар баҳси Қрим, ки баҳори соли 2014 аз сӯи Русия ғасб шуд, мавқеи бетарафиро интихоб кард. Моҳи марти ҳамон сол дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули як қатънома раъйпурсӣ дар бораи ҷудо шудани Қрим аз Украинаро беэътибор донистанд.