Дар Қазоқистон сар аз 1 январи соли 2018 педофилҳоро "ахтаи кимиёӣ" мекунанд, иттилоъ медиҳад додситонии кулли ин кишвар.
Додситонӣ мегӯяд, афроде, ки 5 соли ахир ба номуси ноболиғону наврасон дастдарозӣ карданд, ҳукми сангин гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ, содиршавии ин навъи ҷиноят дар Қазоқистон ду маротиба, яъне аз 148 ҳолат то ба 75 ҳолат коҳиш ёфтааст.
Бо ин ҳол хадамоти матбуотии додситонӣ хабар медиҳад, ки вазъ ҳамоно "вахим" аст.
Бар пояи иттилоияи манбаъ, соли равон 26 нафар бо айби дастдарозӣ ба номуси ноболиғон аз 6 то 20 солӣ зиндонӣ шудаанд. Бо ин айб баъзеи ноболиғон низ аз озодӣ маҳрум шудаанд, ки ҷамъан бо нишондоди боло 46 нафарро ташкил медиҳанд. Баъзеи ноболиғон ҳатто барои содир кардани ин навъи ҷиноят 10 сол зиндонӣ шудаанд.
Моҳи майи соли равон мақомоти Қазоқистон гуфтанд, маълумот дар бораи афродеро, ки ба номуси ноболиғон дастдарозӣ кардаанд, эълон хоҳанд кард. Ин "ҷадвали педофилҳо" дар бораи шахсоне маълумот медиҳад, ки ба таҷовузи ноболиғон айбдор дониста шудаанд.