Владимр Путин, президенти Русия бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия шоми 3-уми сентябр дар ҳошияи нишасти сарони G20 дар Чин, бо ҳам дидору мулоқот анҷом доданд. Пас аз он, ки як ҳавопаймои ҳарбии Сурия дар тирамоҳи соли гузашта аз сӯи Туркия сарнагун шуд, муносибатҳои ин ду кишвар ба сардӣ гароида буд.
Эрдуғон моҳи июн бо ирсоли як мактуб аз Русия узрхоҳӣ кард ва баъдан ба ин кишвар сафар намуда, дубора робитаҳоро барқарор кард. Аз замони сард шудани робитаҳо ин дуввумин мулоқоти раҳбари Туркия ва Русия ҳаст. Путин дар сӯҳбати охиринаш бо Эрдуғон гуфт, “ҳоло дар тамоми соҳаҳо барои пурра барқарор кардани равобит корҳои анҷомношудаи зиёде боқӣ мондааст”. Ӯ афзуд, “мо ҳамкориҳо бо Туркияро идома медиҳем, чун ҳоло вазъ дар ин кишвар “комилан мӯътадил” ба назар мерасад”.
Эрдуғон гуфт, ӯ бо Путин барои иҷрои тарҳи “TurkStream”, ки гази Русияро аз қаламрави Туркия ба Аврупо интиқол хоҳад дод, ба қарори муайян хоҳанд расид. Пас аз сард шудани муносиботи ин ду кишвар Русия сафари саёҳон ба Туркия ва воридоти молу маҳсулоти ин кишвар ба қаламравашро манъ карда буд.