Дар шимоли Сурия 8 деҳа аз дасти ДИИШ озод шуд

Дар шимоли Сурия шӯришгарон бо кӯмаки низомиёни Туркия 8 деҳаро аз дасти ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод намуданд. Рӯзи 3-уми сентябр шӯришгарон бо низомиёни турк дар канораҳои шаҳри Эл-Рай, наздик ба марзи Туркия як амалиёти муштарак алайҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” анҷом доданд. Қаблан, субҳи барвақти рӯзи 3-юми сентябр барои иҷрои ин амалёт Туркия аз вилояти Килис ба Эл-Рай зиреҳпӯшҳои изофӣ ворид карда буд. Ин амалиётро, ки мақомоти Туркия “боз кардани ҷабҳаи нав” унвон кардаанд, дар 55-километрии ғарби шаҳри Ҷараблуси Сурия мегузарад. Ин минтақа аксаран таҳти назорати шӯришагарони зери ҳимояи Туркия қарор дорад.