Назарбоев дар порлумон аз қонунҳои "амниятӣ"-и кишвараш гуфт

Дар шаҳри Остона ҷаласаи якҷояи палатаҳои порлумони Қазоқистон бо иштироки Нурсултон Назарбоев, президенти ин кишвар идома дорад. Назарбоев гуфт, иҷлосияи дувуми порлумони кишвараш дар "марҳилаи муҳими таърихӣ" кори худро шуруъ мекунад.

Президенти Қазоқистон афзуд, ки бо фармони ӯ як қатор лоиҳаҳои қонун, аз ҷумла қонун дар бораи мубориза зидди терроризму экстремизм, фаъолиятҳои зидди ҷосусӣ ва таҳкими амнияти иттилоотии кишвараш таҳия ва ба порлумон пешниҳод хоҳанд шуд.

"Мо ин қонунҳоро таҳия ва ба вакилон пешниҳод мекунем, то барои амнияти кишвар қабул кунанд. Аз ҳама муҳим ин ҳифзи амният ва субот дар ҷомеа аст, то мардум тавонанд, орому осуда кор кунанд", - изҳор дошт Назарбоев.

Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон дар Твиттер суханҳои Назарбоевро овардааст, ки мегӯяд, "тафсилот ва мантиқи қонунҳои қабулшаванда бояд барои шаҳрвандон возеҳу фаҳмо бошанд". Ба гуфтаи вай, порлумони Қазоқистон дар чаҳорчӯби иҷлосияи нав наздики 50 лоиҳаи қонунро қабул хоҳад кард, ки бештарашон бояд то охири соли равон ба тасвиб бирасанд.