Маросими ифтитоҳи ин Донишгоҳи давлатии Данғара имрӯз, 1 сентябр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони бинои ин донишгоҳ моҳи марти соли 2008 оғоз шуда ва бо маблағи 177 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Ба иттилои мақомот, айни ҳол дар Донишгоҳ зиёда аз 150 нафар устодон, аз ҷумла 4 доктори илм, 27 нафар номзади илм ва дотсент фаъолият мекунанд ва 2615 донишҷӯ аз тамоми манотиқи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин донишгоҳ ҳамчунин аз рӯи 30 ихтисос дар марҳилаи бакалавр ва 8 ихтисос дар зинаи магист мутахассисон омода мешавад. Рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҳамин ноҳия санги асоси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро гузошт. Ин дувумин Донишгоҳи тиббӣ дар Тоҷикистон мебошад.