Мақомоти Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон аз таваллуди чоргоники дигар дар Душанбе хабар доданд. Ба қавли онҳо, ин чоргоникро рӯзи 24-уми августи имсол Шаҳодатхон Нуралиева, сокини 28-солаи Файзобод, дар таваллудхонаи рақами аввали пойтахт ба дунё овардааст. Зуҳро Каримова, пизишки чоргоникҳо, вазъи ду писару ду духтари Шаҳодатхонро хуб арзёбӣ кардааст. Моҳи январи соли гузашта Гулшан Маҷнунова дар Душанбе чоргоник ба дунё овард ва аз тарафи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як манзили нави сеҳуҷрагӣ қадрдонӣ шуд. Баъдан дар моҳи май Сулҳия Норинова, сокини 23-солаи Душанбе низ чоргоник таваллуд кард, аммо кӯдаконаш фавтиданд.