Эрон Интернети худро месозад

Хабаргузории расмии Эрон аз оғози марҳилаи аввали фаъолияти "Шабакаи Миллии Иттилоот", гузориш дод, ки қарор аст роҳи Эронро барои бунёди интернети худӣ боз кунад. Хабаргузории ИРНА ҳадафи шабкаи навро таблиғи маводи Исломӣ ва коҳиши вобастагӣ аз шабакаи ҷаҳонии Интренет гуфтааст. Ҳадафи дигари "Шабакаи Миллии Иттилоот"таъмини ҳимояти бештар дар баробари ҳуҷумҳои кибернетикӣ будааст. ИРНА мегӯяд, марҳилаи дуввуми ин тарҳ, ки даҳ соли пеш рӯи кор омад, моҳи февралии соли оянда ба кор медарояд ва худи тарҳ қарор аст дар моҳи августи соли 2017 анҷом ёбад. Баъзе мунаққидон мегӯянд, ки ин шабака ба хотири маҳдудият ва назорати бештари мардум рӯи кор меояд. Авоили моҳи равон мақомоти Эрон садҳо кор,ари шабакаҳои иҷтимоиро ҳадаф қарор доданд. Моҳи майи соли равон мансабдорони Эрон як идда занҳоро барои нашри аксҳои моделӣ дар Инстограм саркӯб карданд. Аксари корбарони Интрнет дар Эрон барои дастрасӣ ба сомонаҳои масдуд аз сайтҳои қуфлшикан ё "Proxy" истифода мекунанд.