Додгоҳи шаҳри Атирауи Қазоқистон зимни ҷаласаи сайёраш дар боздоштгоҳи муваққатӣ муҳлати ҳабси фаъолони ҷамъиятӣ Макс Боқиев ва Талгат Аянро то 30 сентябри соли равон дароз кардааст.
Жанар Болғабоев, вакили дифои Боқиев гуфт, ин қарор бар пояи дархости Амангелдӣ Абугалиев, раҳбари гуруҳи тафтишотии Департаменти давлатии амнияти миллии вилояти Атирау, ки онро додситонӣ пешниҳод кард, гирифта шудааст. Вай тасдиқ мекунад, ки ба вакилони дифоъ боз як моҳи дигар зарур аст, то бо маводи парванда шинос шаванд.
Ба ҷуз ин, муфаттишон бо пешниҳоди далел гуфтаанд, ки айбдоршавандаҳо ҳангоми дар озодӣ будан метавонанд пинҳон шаванд ё ба раванди тафтишот ва баррасии парванда дар додгоҳ монеа эҷод кунанд.
Ин дар ҳолест, ки вакилони дифоъ аз додгоҳ хостаанд, ки ҳукми Боқиев ва Аянро ба ҳабси хонагӣ тағйир диҳанд ё ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ва кафолати шахсии онҳо, озод карда шаванд.
Макс Боқиев ва Талгат Аян аз 17 майи соли равон инҷониб бар пояи чанд модда, аз ҷумла барангехтани адоват ва ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ба ҳабси пешакӣ маҳкуманд. Онҳо баъди тазоҳуроти густарда дар шаҳри Атирау, ки зидди тағйири кодекси замини Қазоқистон 24 апрели соли равон баргузор шуд, дастгир гардиданд. Фаъолони ҷамъиятӣ тамоми айбҳоро рад мекунанд.