Як кушта ва 35 захмӣ дар сухтори табобатгоҳи бемориҳои рӯҳӣ

Ба навиштаи матбуоти Эрон дар пайи сухтор дар табобатхонаи бемориҳои рӯҳӣ 1 нафар ҳалок ва 35 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Хабаргузории ИРНА мегӯяд, ки сухтор саҳари 27 август дар шаҳри шимолуғарбии Табриз рух дод. Хабаргузори ба нақлиаз гуфтаҳои Ҷалӣ Саторӣ, масъули бахши сухторнишонии Табриз гуфт, ки як нафар аз дуди ғализ ва фазои маҳдуд фавтидааст. Мақомот силсилаи воқеааҳои монанд ба инро ба сарфи назар шудани қоидаҳои бехатарӣ марбут мекунанд. Рӯзи 24 август дар пайи таркиши газ дар як бинои истиқоматии шаҳри ҷанубии Аҳвоз шаш нафар ҳалок ва 11 тан захмӣ шуданд.