Кохи Сафед ва муттафиқонаш дар НАТО ҳушдор доданд, ки Сурия ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои ҳамлаҳои кимиёӣ ҷавоб хоҳанд дод. Ин воқеиятро як санҷиши мустанади мутахассисони СММ собит кардааст. Нед Прайс, сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ дар паи ошкор шудани ҷузъиёти хулосаҳои санҷиш гуфт, “ҳоло дигар рад карда намешавад, ки режими Сурия мукарраран хлорини саноатиро ҳамчун силоҳ зидди мардуми худаш истифода кардааст”.
Вай гуфт, ки ИМА бо ҳамкорони байналмилалиаш барои ба ҷавобгарӣ кашидани масъулин тавассути механизмҳои дипломатӣ, аз ҷумла аз роҳи Шӯрои амнияти СММ ҷустуҷӯ хоҳад кард. Мо аз ҳама ҷонибҳо ва кишварҳои узви Эъломияи силоҳҳои кимиёӣ, инчунин Русия ва Эрон тақозо мекунем, ки дар ин талошҳо иштирок кунанд”. Таҳқиқоти СММ собит кардааст, ки нирӯҳои президент Башор Асад ҳадди аққал 2 дафъа ҳамлаҳои кимиёиро дар Сурия анҷом дода, ҷангиёни “Давлати исломӣ” иприт ё гази сӯзандаро ҳамчун силоҳ истифода кардаанд.
Таҳқиқот дарёфтааст, ки чархболҳои ҳукумати Асад маводи хлоринро дар шаҳрҳои Талминис ва Сармин рӯзи 21 апрели соли 2014 ва 16 марти соли 2015 партоб кардаанд. Инчунин мушаххас шудааст, ки танҳо ҷангиёни “Давлати исломӣ” тавони истифодаи гази ипритро дар ҳамлаҳои рӯзи 21 августи соли 2015 дар шаҳраки Мореи канораҳои Ҳалаб доштанд.