Боздошти мудири Оҷонсии иттилоот ва нашри Узбакистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Узбакистон мудири куллии Оҷонсии иттилоот ва нашри ин кишвар Амонулло Юнусовро боздошт кард. Бино бар иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Юнусови 57-сола дар таҳхонаи КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.

Амонулло Юнусов рӯзи 22 август боздошт шудааст. Вай дар доираи парвандаи роҳбарияти идораи табъу нашри "Узбакистон"-и назди Оҷонсии иттилоот ва нашри Узбакистон бозпурсӣ мешавад.

Аз ҳудуди 2,5 моҳ қабл дар чопхонаҳои Оҷонсии иттилоот ва нашри Узбакистон тафтиши сартосарӣ шуруъ шудааст. Дар доираи ин тафтишҳо камбуди 2,2 миллиард сӯми узбакӣ ошкор шудааст.