СММ аз беҷошавии мардум дар Мосул ҳушдор дод

Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз беҷошавии саросарии одамон, дар ҷараёни амалиёти бозпас гирифтани Мосул аз гурӯҳи худхондаи Давлати Исломӣ, ҳушдор дод. Ин созмон мегӯяд, ки имкон дорад беш аз як миллион нафар аз макони зисти худ решакан шавад. Адриан Едвардс, сухангӯи ин ожонсӣ мегӯяд, "паёмади башарии ҳуҷуми низомӣ, ҳамон тавр, ки интизор меравад, хеле бузург хоҳад буд ва ба ҳудудан 1 миллиону 200 ҳазор нафар таъсир хоҳад гузошт. Шарҳи Адриан Едвардс дар ҳоле пахш шуд, ки амалиёти нерӯҳои амниятии Ироқ бо пуштибонии ҳавоии Ийолоти Муттаҳида барои бозпас гирифтани Мосул ҷараён дорад. Нерӯҳои Ироқ назорат бар як идда деҳкадаҳоро дар шимоликишвар ба даст оварда акнун, қабл аз ҳуҷуми густарда ба Мосул, мехоҳад шаҳри Қайараҳро аз ДИИШ бигирад.