Сарнавишти бачаи захмӣ ва шигифтзада аз шаҳри Ҳалаби Сурия, ки дидани ҳоли зори ӯ ҷаҳонро такон дод, рӯзи 22 август дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид матраҳ шуд. Мақоми баландпояи СММ ва аъзои шӯро хостори қатъи 48 соатии ҷанг барои расонидани кӯмакҳои башардӯстона дар шаҳри таҳти назорати ошӯбгарон шуданд, ки моҳҳо боз дар иҳотаи нерӯҳои Сурия қарор доранд. Қариб ҳар як аъзои шӯро ба акси дар гардиши писараки панҷсола Умрон Дақниш, бо сару рӯи хоколуд ва хунолуд дар мошини ёрии таъҷилӣ, ҳамчун рамзи вайронии шаҳр ишора карданд. Умрон ва хонаводаи ӯро ҳафтаи гузашта аз зери харобаҳои ҳуҷуми ҳавоӣ дар ноҳияи Қатерҷӣ берун овараданд. Бародари 10-солаи ӯ Алӣ, аз захмҳои бардошта ҳалок шуд. "Як лаҳза биистед ва тасаввур кунед, ки ин кӯдак бачаи шумо бошад, бачае,ки дар бораи ин ҷанги даҳшатбор чизе намедонад"- гуфт, раҳбари бахши кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид Стеф О'Брейн. Ӯ гуфт дар сурати қабул нашудани пешниҳоди Русия барои қатъи ҷанг ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башарӣ, шаҳри Ҳалаб метавонад, ба "фалокати башарӣ " гирифтор шавад.