Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, истифодаи пойгоҳҳои кишвар аз тарафи Русия барои ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия хотима ёфтааст. Дар ин бора Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорат рӯзи 22-уми август дар як нишасти хабарӣ эълон дод. Хабаргузории нимарасмии Тасним аз Эрон аз қавли Баҳром Қосимӣ навиштааст, “Русия дар Эрон пойгоҳ надорад ва дар инҷо мустақар нашудааст. Онҳо ҳамин амалиётро анҷом медоданд ва амалиёт барои алъон тамом шудааст.” Ба гуфтаи Баҳром Қосимӣ, истифодаи пойгоҳҳои Эрон, “муваққатӣ ва бо дархости Русия будааст.” Пештар аз ин вазорати дифои Эрон Русияро танқид кард, истифода аз пойгоҳи Ҳамадонро ошкор кардааст. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 22-уми август аз қавли вазири дифо Ҳусейн Деҳқон гуфт, “Русҳо мехоҳанд, нишон бидиҳанд, ки абарқудрат ҳастанд.” Мақомоти Эрон мегӯянд, ҳавопаймоҳои русӣ, ки дар Сурия амалиёт анҷом медиҳанд, дар пойгоҳии ҳавоии Шаҳид Ноҷа дар наздикии Ҳамадон маводи сӯхт мегирифтанд. Эрону Русия ба Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия кӯмак мекунанд, то дар қудрат бимонанд.