Эрдуғон: Ҳамлаи маргбори Ғозиёнтеппа кори як наврас буд

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, рӯзи 21-уми август гуфтааст, ҳамла ба як ҷашни арӯсӣ дар шаҳри Ғозиёнтеппаро як наврас анҷом додааст. Дар ин ҳамла ҳудуди 50 нафар ҷон бохта, беш аз 90 тани дигар маҷруҳ шуданд. Ба гуфтаи президенти Туркия, синни маргталабе, ки сабабгори ҳалокат ва захмӣ шудани ин миқдор одамон гардид, байни 12 то 14-сола будааст.

Мақомоти Туркия ин ҳодисаро амали террористӣ хонда, гуфтанд, пушти ҳамла гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) меистад. Аммо он то ҳол масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Шаби шанбе ба якшанбе ин маргталаб худро дар яке аз кохҳои шаҳри Ғозиёнтеппа, дар авҷи ҷашни арӯсӣ тарконд. Бино ба хабарҳо, арӯсу домод ва меҳмонон курд буданд. Ғозиёнтеппа дар ҷануби Туркия, наздикии марзи Сурия ҷойгир аст, ки дар онҷо миёни гуруҳҳои мусаллаҳи курд ва ҷиҳодиён задухӯрдҳо идома дорад.