Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ба даври ниҳоии сабқати гурзандозҳо дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро роҳ ёфт. Ӯ рӯзи 17 август дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ дар гурӯҳи В гурзро ба масофаи 76 метру 39 сантиметр партофта, бо натиҷаи 76 метру 39 сантиметр дар ҷойи севум қарор гирифт.
Дар ин гурӯҳ варзишгари Лаҳистон Войтсех Новитскии 27-сола бо натиҷаи 77.64 метр мақоми аввалро касб кард. Ҷойи дувум бо натиҷаи 76.51 метр насиби Иван Тихони 40-сола аз Беларус гардид.
Даври ниҳоии сабқати гурзандозҳо дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро рӯзи 19 август баргузор хоҳад шуд. Натиҷаи беҳтарини Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр мебошад.
Аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд. Ҳоло умеди охирин ба Дилшод Назарови 34-сола аст, ки барои бори чаҳорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад.