Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба порлумон тарҳи “Қонуни авф”-ро пешниҳод кардааст, ки бар асоси он мумкин аст, 3 ҳазор нафар зиндониро озод карда, ҷазои ҳазорон нафари дигарро сабук намоянд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17-уми август гуфт, тарҳи қонун рӯзи 24-уми август дар нишасти якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва тасвиб хоҳад шуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, "мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар муттаҳам ба ҷиноят, боздоштшудагон ва зиндониён татбиқ мешавад." Аз ҷумла, бештар аз 3 ҳазор зиндониро озод карда, 4 ҳазор нафари дигарро, ки ҷазои шартӣ гирифтаанд, авф мекунанд. Парвандаи ҷиноии 5 ҳазор нафари дигар, ки дар тафтиш қарор дорад, лағв мешавад ва ҳукми зиндони теъдоди зиёди дигарро камтар мегардад. Шарҳи расмии қарор рӯзи 17-уми август дар вебсайти раисиҷумҳур нашр шуд.
КИҲОРО АФВ МЕКУНАНД?
Ба гуфтаи дафтари раёсати ҷумҳурӣ, мувофиқи моддаи якуми қонун занону ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳҳои якум, дуюм ва сеюм, беморони гирифтори саратон, беморони дил, сил, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони рафъи паёмади фалокати нерӯгоҳи атомии Чернобил, афроде, ки мукофоти давлатӣ гирифтаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ аз гурӯҳи афроде ҳастанд, ки қонуни авф нисбат ба онҳо татбиқ мешавад.
Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар муттаҳам ба ҷиноят, боздоштшудагон ва зиндониён татбиқ мешавад.
Дар шарҳи тарҳи Қонун дар бораи афв дар Тоҷикистон омадааст, ки "ҳангоми таҳияи лоиҳа ба шахсоне, ки бори аввал ҷиноят содир намудаанд, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд."
Ҳамчунин гуноҳи онҳоеро мебахшанд ва аз зиндон озод мекунанд, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят кардаанд, масалан сабаби садамаи автомобилӣ шудаанд.
КИҲО АФВ НАМЕШАВАНД?
Бар асоси тарҳи Қонуни афв онҳое, ки одам куштаанд, бо гуноҳи терроризм ва ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, ё ҷиноятҳои «муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат» содир кардаанд, афв намешаванд. Дар шарҳи қонун ҳамчунин омадааст, "нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, шахсоне, ки қаблан мувофиқи қонунҳо «Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои ҷазо озод карда шудаанду боз ҷиноят содир намудаанд, шахсоне, ки дар маҳали адои ҷазо ҷиноят содир намудаанд ва маҳкумшудагоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, Қонун «Дар бораи авф» татбиқ карда намешавад."
САБАБҲОИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ НАВИ АФВ
Тарҳи қонун "Дар бораи авф" бахшида ба 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки рӯзи 9-уми сентябр таҷлил мешавад. Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфта буданд, ки тарҳи "афви тиллоӣ" махфӣ таҳия мешавад, то аз он сӯиистифода нагардад. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои таҳияи қонун гурӯҳи махсус аз мақомоти ҳукумату ҳуқуқдонҳои варзида ташкил шудааст ва онҳо барои ифшо накардани нуктаҳои асосии санад ҳушдори ҷиддӣ гирифтаанд. Дар Тоҷикиситон 2 сол пеш ва моҳи октябри соли 2014 дар арафаи 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосӣ қабул шуд ва бар асоси он беш аз 10 ҳазор маҳбус ва афроди гумонбар ба содир кардани ҷинояти мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.
Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфта буданд, ки тарҳи "афви тиллоӣ" махфӣ таҳия мешавад, то аз он сӯиистифода нагардад. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои таҳияи қонун гурӯҳи махсус аз мансабдорони ҳукумату ҳуқуқдонҳои варзида ташкил шудааст ва онҳо барои ифшо накардани нуктаҳои асосии санад ҳушдори ҷиддӣ гирифтаанд.
Охирин қонуни афв дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 дар арафаи 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қабул шуда буд ва бар асоси он беш аз 10 ҳазор маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷинояти мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.
Тибқи муқаррарот бояд "Қонуни афв" баъди баррасӣ ва тасвиб шуданаш дар порлумони Тоҷикистон бояд дар муддати се моҳ амалӣ шавад.