Қирғизистон ҳукми қатл барои педофилҳоро баҳс мекунад

Ҷиноҳи ҳизби “Онугуу-Прогресс” дар порлумони Қирғизистон тарҳи ҳукми қатл барои кӯдакозорӣ ва ё педофилҳоро ба баррасӣ гузоштааст. Дар ин тарҳ пешниҳод шудааст, дар моддаи 21-и Сарқонуни Қирғизистон “Ҳукми қатл манъ аст, ба истиснои ҷиноятҳои ҷинсӣ алайҳи кӯдакони хурд” илова шавад. Дар шарҳи ин пешниҳод гуфта мешавад, ки қабули қонун метавонад хушунат алайҳи кӯдакон ва таҷовузи ҷинсии онҳоро дар Қирғизистон коҳиш бидиҳад. Тибқи иттилои расмӣ кӯдакозорӣ дар Қирғизистон боло зиёд шудааст. Соли 2015 беш аз ҳазор ҷиноят алайҳӣ кӯдакон сабт шудааст, ки аз он 182 ҷиноят озори ҷинсии кӯдакон будааст. Аз ин ҳисоб 72 кӯдак таҳти хушунати доимӣ қарор доштаанд.