Додситонии Туркия рӯзи 16 август айбномаи иборат аз 2 ҳазору 527 саҳифаро алайҳи Фатҳулло Гулен, рӯҳонии турк тартиб дод ва даъват кард, ки Гулен ба 2 ҳукми абад ва 1900 соли зиндон маҳкум шавад. Мақомоти Туркия Гуленро ба талоши аз байн бурдани сохти конститутсионӣ бо роҳи зӯрӣ ва ташкили гурӯҳи террористӣ муттаҳам кардаанд. Фатҳулло Гулен солҳо боз дар Амрико ба сар мебарад ва даст доштанашро дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июл рад мекунад. Дар ҷараёни ин ҳодиса ҳудуди 240 нафар кушта шуд. Рузи сешанбе пулиси Туркия, ба дунболи амри боздошти 120 мудири тиҷорӣ, 44 ширкатро дар Истамбул бозҷӯӣ кард. Мақомот, инчунин, рӯзноманигори нашрияи "Ҳуррият"-ро боздошт карданд. Бинобар маълумоти Федератсияи хабарнигорони Аврупо аз замони табаддулот 68 рӯзноманигор дар Туркия боздошт шудааст.