Бино ба гузориши матбуоти давлатии Русия, нерӯҳои ин кишвар дар ҳуҷумҳои ҳавоӣ ба Сурия бори аввал аз қаламрави Эрон истифода кардаанд. Вазорати дифои Русия гуфтааст, рӯзи 16 август ҳавопаймоҳои ҷангии Ту-22M3 ва Су-34, ки ҳомили бомбаҳои дурпарвоз буданд, мавқеи ҷангҷӯёнро аз пойгоҳи ҳавоии Ҳамадони Эрон бомбаборон карданд. Вазорати дифои Русия иддао кардааст, ки ин ҳуҷум бобарор буд ва пойгоҳҳои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо шумули захирагоҳи силоҳ ва тамрингоҳҳои онро дар шимоли Сурия маҳв кардааст. Владимир Комоедов, раиси кумитаи дифот дар Думаи давлатии Русия гуфт, ки истифодаи пойгоҳи ҳавоии Эрон барои сарфаи маводи сӯхт ва таркиши бомбаҳо дар масофаи бештар мусоидат мекунад. Ҳюман Райтс Вотч, созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар рӯзи 16 август Русия ва Сурияро ба ҳаҷумҳои ҳавоӣ бо истифодаи силоҳҳои оташзо дар маҳалҳои зисти мардуми мулкӣ муттаҳам кард. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки дар шаш ҳафтаи ахир 18 маротиб аз ин силоҳҳо истифода шудааст.