Боздошти як гурӯҳи кӯдакрабо

Пулиси Покистон мегӯяд, як гурӯҳи кӯдакрабоёнро ошкор ва боздошт кардааст. Пулис рӯзи 12 август гуфт, як гурӯҳи кормандони бемористонҳо дар зоишгоҳҳои шаҳри Пешовар кӯдакони навзодро дуздида, ба ҷои онҳо навзодҳои мурдаро мегузоштанд. Сипас кӯдакони рабудашударо ба қимати аз 70 000 то 300 000 рупия (муодили аз 650 то 2850 доллар) мефурӯхтанд. Дар маҷмӯъ, дар робита ба ин схемаи кӯдакфурӯшӣ 6 нафар, аз ҷумла зане бо номи Ваҷиҳа дастгир шудаанд. Пулис мегӯяд, ки онҳо рабудани 9 кӯдаки навзодро эътироф кардаанд. Мақомоти амниятӣ як духтари навзодро аз дасти аъзои ин гурӯҳ озод кардаанд.