Муштзани Узбакистон ба финал роҳ ёфт

Ҳасанбой Дӯстматов

Муштзани узбак Ҳасанбой Дӯстматов рақиби амрикоияш Нико Мигуэл Ҳернандезро бо натиҷаи 3:0 шикаст дода, ба даври ниҳоии мусобиқоти муштзании Бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро дар вазни сабук роҳ ёфт. Дӯстматов дар даври ниҳоӣ бо Юберхен Мартинез аз Колумбия, ки қаҳрамони ҷаҳони соли гузашта Хоанис Аргилагос аз Кубаро мағлуб кард, вориди рақобат мешавад. Тими Узбакистон дар Рио алакай ду нишони биринҷӣ ба даст овардааст.

Шиновари 19-солаи амрикоӣ Кети Ледески рӯзи 12 август дар Рио нишони инак чоруми тилоиаш дар ин Бозиҳои олимпиро ба даст овард. Ледески, ки дар пайи ҳамватанаш Майкл Фелпс як падидаи нав дар варзиши шиноварӣ ном бурда мешавад, масофаи 800 метрро дар сабқати занон бо услуби озод дар зарфи 8 дақиқаву 4,79 сония тай кард, ки назар ба рекорди қаблии худи ӯ қариб 2 сония зудтар аст.