СММ аз пешниҳоди Русияро барои рӯзона то се соат қатъ гардидани амалиёти ҷангӣ дар Ҳалаби Сурия интиқод намуд. Стивен О'Брайен, муовини дабири кулли СММ дар умури башардӯстона гуфтааст, дар ин таваққуфи кутоҳ расонидани кумакҳои лозимӣ ба сокинон номумкин аст.
Намояндаи СММ даъват кардааст, ки "низоми оташбас" то ду рӯз дар як ҳафта дароз карда шавад. О'Брайен мегӯяд, таваққуфи бештар имкон медиҳад, то корвони башардӯстона таъсис диҳанд ва сокинони ниёзманди кумаки фаврии тиббиро ба ҷойҳои бехавф кӯчонанд.
Қаблан мақомоти рус гуфтанд, омодаанд, ки ба таври якҷониба рӯзона се соат амалиёти ҷангиро дар Ҳалаб қатъ кунанд, то ба ин шаҳри муҳосирашуда корвони башардӯстона дохил шавад.
Моҳи июни соли равон артиши ҳукумати Сурия бо кумаки нерӯҳои ҳавоии Русия тавонистанд, роҳи асосии дохилшавӣ ба минтақаи зери идораи мухолифинро бибанданд. Дар натиҷа интиқоли маводи ғизоӣ ба садҳо ҳазор сокини ин минтақа қатъ гардид.
СММ 9 августи соли равон гуфт, вазъ дар Ҳалаб ба фоҷеаи инсонӣ наздик омадааст.