Мақомот дар Кӯлоб куҳантарин кинотеатри “Комсомол” дар маркази ин шаҳрро комилан тахриб карданд. Қарор аст, дар ҷои он Парчами Тоҷикистон насб шавад.
Масъулони шаҳрдории Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 10 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷои кинотеатри “Комсомол”, ки дар паҳлӯи бинои шаҳрдорӣ воқеъ буд, парчами Тоҷикистонро насб хоҳанд кард ва атрофи он гулкорӣ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки аллакай парчами Тоҷикистон дар қисмати пеши бинои шаҳрдории Кӯлоб насб шудааст.