Нишонҳои олимпии вазнабардорони қирғизу қазоқ

Иззат Ортиқов

Иззат Ортиқов

Иззат Ортиқов аз Қирғизистон ва Карина Горичева аз Қазоқистон рӯзи 9 август дар сабқати вазнабардории Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро соҳиби нишонҳои биринҷӣ шуданд. Ин нахустин нишони тими Қирғизистон дар ин Олимпиада ва ҳамагӣ нишони чорумаш дар тамоми Бозиҳои олимпист. Тими Узбакистон низ то имрӯз дар Рио-де-Жанейро ду медали биринҷӣ ба даст овардааст. Анвар Юнусов, муштзани тоҷик рӯзи 9 август аз мизбони мусобиқот Робсон Консейкао шикаст хӯрд. Тими Тоҷикистон ҳанӯз дар Рио-де-Жанейро ягон медал нагирифтааст.