Трамп Ӯзбекистонро яке аз кишварҳои террористӣ номид

Доналд Трамп

Доналд Трамп, номзад ба мақоми президентии ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Ӯзбекистонро ба рӯйхати кишварҳои террористӣ ворид намудааст.

Бино ба иттилои бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, Трамп дар ин бора 4 август дар Портленди аёлати Мэн сухан ронда, низ гуфтааст, ки мехоҳад вуруди тамоми мусулмонони хориҷиро ба ИМА манъ кунад.

Қаблан вай тасмим гирифта буд, ки аз истифодаи калимаи "мусулмонон" даст мекашад ва даъват мекард шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи баланди терроризм мавҷуд аст, ба Амрико роҳ дода нашаванд.

Трамп бархе аз муҳоҷиронро ҳамчун намуна зикр кардааст, ки дар доираи қонун ба ИМА рафта, дар ниҳоят "хостаанд, амрикоиҳоро бикӯшанд". Аз ҷумла муҳоҷири ӯзбак Фазлиддин Қурбонов, сокини иёлати Айдахоро мисол овардааст, ки барои ҳимоят аз созмонҳои террористӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани маводи тарканда 25 сол зиндонӣ гардид. Ҳамчунин номи бародарон Тсарнаевҳоро, ки дар анҷоми амали террористии Бостон айбдор шуданд, ном гирифтааст.

Номзади ҷумҳурихоҳони Амрико ба мақоми президентӣ миёни кишварҳое, ки намехоҳад шаҳрвандонаш ба ИМА роҳ ёбанд, Ӯзбекистон, Сомалӣ, Марокаш, Сурия, Афғонистон, Филиппин, Ироқ, Покистон ва Яманро ҳам зикр кардааст.