Консули пешини Қазоқистон дар Ҳиндустон Рашид Раҳимбеков аз сӯи додгоҳи Алмаатои кишвараш 1,5 сол зиндонӣ шуд. Вай дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гунаҳкор дониста шуд.
Додгоҳ Раҳимбековро бо он айбдор кард, ки солҳои 2012-2013, замони консулиаш дар Ҳиндустон барои шаҳрвандони хориҷӣ ғайриқонунӣ раводиди корӣ додааст. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки консули собиқ дар ҳаҷми 73,5 ҳазор доллар ҷарима пардохт кунад.
Раҳимбеков айбҳои эълоншударо рад кард ва ният дорад, ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.