Консули собиқи Қазоқистон дар Ҳинд бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои 18 моҳ шартан аз озодӣ маҳрум шуд. Додгоҳи Алма-Ато рӯзи 8 август Рашид Раҳимбековро, ки солҳои 2010-2013 ба ҳайси консули Қазоқистон дар Ҳинд хидмат мекард. дар истифодаи ғайриқонунии визаҳои тиҷоратӣ барои атбои хориҷӣ гунаҳкор шинохт. Бо ҳукми додгоҳ, Раҳимбеков бояд ҳамчунин 26 миллион танга, муодили ҳудудан 73 500 доллар, ҷарима ҳам пардохт кунад. Раҳимбеков ҳама гуна кӯтоҳӣ дар корашро рад карда, гуфтааст, ки аз ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад бурд.