30 кушта дар таркиши хунин дар Кветта

Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар назди дарвозаи бемористони шаҳри Кветта дар шимолуғарби Покистон дастикам 30 нафар ҷон бохтанд. Пулис гуфт, дар натиҷаи таркиши рӯзи 8 август, кеи чанд лаҳза баъди ба ин бемористон овардани ҷасади кушташудаи вакили дифои шинохта Билол Касӣ рух дод, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Сарбоз Бугтӣ, вазири дохилаи вилоят ин ҳамларо ҳамчун “амали террористӣ” маҳкум кард. Касе ҳанӯз масъулияти ҳамлаи маргталабона ба бемористони Кветтаро ба дӯш нагирифтааст. Сухангӯи ҳукумати Балуҷистон гуфт, тафтиш идома дорад. Ин ҳам маълум нест, ки дар пушти қатли Било Касӣ, ки субҳи 8 август дар роҳ ба сӯи додгоҳ ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт, кӣ истодааст? Телевизионҳои маҳаллӣ наворҳоеро намоиш доданд, ки мардум чигуна ба ваҳм уфтода, аз бемористон мегурезанд. Пулис гуфт, аксари кушташудаҳо вакилони дифоъ буданд, ки дар пайи интиқоли ҷасади Касӣ дар назди бемористон ҷамъ шуда буданд.