Баъд аз тундбод ва ҷорӣ шудани селоби шадид дар Скопйе-пойтахти Македония дасткам 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Садҳо нафар осеб дидаанд. Ҷустуҷӯи бозмондагони дигар идома дорад. Ин селоб шабона сарозер шудааст.
MIA-ожонси хабарии давлатӣ дар бораи шумораи кушташудагон субҳи 7 август аз қавли кормандони пулис гузориш додааст. 6 нафар бедарак шудаанд.
Коче трояновский-шаҳрдори Скопйе ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст: “Ин фоҷеа аст, мо ҳеҷ гоҳ чунин ҳолатро надида будем”. Матбуоти маҳаллӣ хабар додааст, ки шамоли сахт ба шаҳр ва гӯшаҳои он осеб расондааст.
Вазиши бод дар як соат то 70 километрро ташкил додааст. Сатҳои об дар баъзе минтақаҳо то як, якуним метр боло рафтааст. Бино ба гузооришҳо, роҳи доиравии атрофи шаҳр низ сахт осеб дидааст.