МТС ё Mobile TeleSystems-ширкати бузурги мухобиротии Русия гуфтааст, ки Узбакистонро комилан тарк мекунад ва саҳмияҳои худро дар ин кишвар ба фурӯш мегузорад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Амрико ба мавориди ришвахорӣ дар он расидагӣ анҷом медиҳанд ва гуфта мешавад, ки духтари раиси ҷумҳури Узбакистон дар он даст дорад.
5 август Андрей Смелков-муовини раиси ширкат ва мудири бахши сармоягузориҳои хориҷӣ дар изҳороте изҳор дошт, ки МТС дороиҳои худро ба сабабҳои гуногуни тиҷоратӣ ва шароити дигар ба UMS мефурӯшад.
49,99 дарсади саҳмияҳои UMS дар ихтиёри ҳукумати Узбакистон аст. Як мақоми расмии наздик ба UMS ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки фурӯши саҳмияҳо то поёни моҳи ҷорӣ сурат мегирад.
Аз чандин сол ба ин сӯ мақомоти амрикоиву аврупоӣ ба иддао дар бораи ришвахорӣ дар ин ширкат расидагӣ анҷом медиҳанд.