Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон бо такя ба гузоришҳои расида мегӯяд, ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” тақрибан 3 ҳазор фирории дохилӣ - сокинони рустоҳои шимоли Ироқро дастгир карданд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ки рӯзи 5 август нашр шуд, мардуми рустоҳои атрофи минтақаи Ҳавиқа мехостанд дар шаҳри Киркук панаҳ баранд ва аммо рӯзи панҷшанбе аз сӯи ситезаҷӯён боздошт шуданд.
Бар пояи хабарҳо, 12 нафари онҳо ҳадафи тир қарор гирифтанд.
Маркази дидбони ҳуқуқи башари Ироқ рӯзи 4 август хабар дод, ки теъдоди боздоштшудаҳо тақрибан 1900 нафар аст ва миёни онҳо занону кӯдакон ҳам зиёданд. Гуфта мешавад, онҳо аз сӯи тақрибан 120 ситезаҷӯ дастгир шуданд, ки дар ҷанг бо нерӯҳои ироқӣ сокинони осоиштаро чун “сипари зинда” истифода мебаранд.
Гурӯҳи “Давлати исломӣ” бисёр шаҳрҳои минтақаро аз даст дод ва аммо шаҳрҳои Мовсили Ироқ ва Раққаҳи Сурияро таҳти назорат дорад.
Бар асари хушунатҳо дар Ироқ беш аз 3 миллиону 400 ҳазор нафар барои тарки манзилҳои худ маҷбур шуданд.