Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” торафт заъиф мешавад ва аммо ҳанӯз ҳам хатарнок аст.
Ба иттилои ВВС, сарвари Амрико баъд аз мулоқот дар Пентагон рӯзи 4 август изҳор намуд, ки маъракаи густурдаи низомӣ алайҳи ситезаҷӯён дар Ироқу Сурия мавқеъи “Давлати исломӣ”-ро заъиф кардааст.
Бо вуҷуди ин аъзои гурӯҳ дар кишварҳои аврупоӣ ҳамлаҳо анҷом медиҳанд. Барак Обама афзуд, ки айни ҳол Фаронса, Туркия ва Бангладеш ҳадафи ҳамлаҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон Обама гуфт, ки набард бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро наметавон “набарди тамаддунҳо” номид, зеро ситезаҷӯёни гурӯҳ шакли таҳрифшудаи дини исломро тарғиб мекунанд.
Раисиҷумҳури Амрико мегӯяд, ки ба зудӣ ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” назорат аз болои такягоҳҳои худ – шаҳри Раққаҳ дар Сурия ва Мовсил дар Ироқро аз даст хоҳанд дод. Ӯ афзуд, ки тайи як сол ин гурӯҳи террористӣ ягон амалиёти густурдаи низомиро дар ин ду кишвар анҷом надодааст.
Моҳи апрели соли равон раисиҷумҳури ИМА гуфта буд, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” мавқеъҳои худро дар Ховари Миёна аз даст медиҳад ва ба мудофиа гузаштааст.