Русия ба Қазоқистон мушакҳои дурпарвоз медиҳад

Русия ҷараёни расмиёти "дохилидавлатӣ"-и расонидани 170 мушаки дурпарвозро барои панҷ маҷмааи С-300, ки қаблан ба Қазоқистон дода буд, ба охир мерасонад. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Қазоқистон иттилоъ додааст.

Имрӯз, 2 август дар шаҳри Остона мулоқоти вазири дифои Қазоқистон Имангали Тасмагамбетов бо ҳамтои русаш Сергей Шойгу, ки дар доираи як сафари кутоҳмуддат дар ин кишвар ҳузур дорад, баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи Қазоқистон, ҷонибҳо масоили вобаста ба ҳамкориҳо дар ояндаи наздик, аз ҷумла ниҳоӣ кардани қарордоди байнидавлатиро, ки ҷараёни додугирифти маводи низомӣ миёни давлатҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро содда мегардонад, баррасӣ карданд.

Бар пояи иттилои манбаъ, ҳамчунин созишнома дар бораи шартҳои нави расонидани мушакҳо ва истифодаи пойгоҳи Балхаш дар низоми огоҳсозии ҳамлаи мушакӣ имзо шудааст.

Дафтари матбуоти вазорати дифои Қазоқистон суханони вазир Тасмагамбетовро иқтибос оварда, ки баъди мулоқот бо Шойгу изҳор доштааст, "созишномае низ имзо гардид, ки барои корҳои минбаъда дар арсаи ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ чаҳорчӯби нав мегузорад".